Дар бораи барномаи таълимӣ
Дар доираи барнома тайёр кардани мутахассисоне, ки консепсияҳои муосир ва талаботҳоро дар соҳаи дизайн медонанд, логотипҳо ва услубҳои фирмавӣ эҷод мекунанд; воситаҳои коммуникатсияи визуалиро медонанд, гузаронида мешавад. Дар ҷараёни омӯзиш донишҷӯён бо муҳаррирони графикие, ки дар ин давра муҳиманд, шинос мешаванд, ки равандҳои эҷод ва таҳрири графикаи растрӣ, векторӣ, моделсозии 3D ва дизайни аниматсиониро фаро мегиранд.









