Дар бораи барномаи таълимӣ
Дар доираи барнома тайёр кардани мутахассисоне, ки асосҳои меъморӣ, барномавӣ ва тиҷоратии эҷоди нармафзорро барои ҳалли аксари вазифаҳои саноатӣ медонанд, анҷом дода мешавад. Хатмкунандагони самт метавонанд нармафзорро бо истифода аз забонҳои гуногуни барномасозӣ таҳия ва татбиқ кунанд: С++, Javascript, C# ва дигарон, принсипҳои истифодаи базаҳои додаҳои SQL ва NoSQL, намунаҳои меъмории барномасозиро медонанд. Хатмкунандагон дар ҳама марҳилаҳои давраи ҳаётии эҷоди нармафзори саноатӣ кор мекунанд.









